Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Дар Душанбе масоили пешгирӣ ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ шуд

Logo USAID Tajik                              gerb                                  Afif new

28 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи USAID оиди барҳам додани бемории сил дар Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти чамъиятии ҷумҳуриявии “Aфиф” ҷаласаи Гурӯҳи кории техникӣ оид ба ҳифзи саломатӣ дар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки ҳадафи баргузории он ҳамоҳангсозии банақшагирии татбиқ ва мониторинги барномаҳои пешгирикунанда, ки ба ҳифзи саломатӣ дар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ равона гардидааст, мебошад, намояндагони низоми ислоҳии кишвар, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ масъалаҳои вазъи эпидемиологӣ оид ба сироятҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок, бахусус бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣмавриди баррасӣ қарор гирифта,оид ба фаъолияти лоиҳаи USAID оиди барҳам додани бемории сил дар Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои шарикон оид ба пешгирии бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ маълумот пешниҳод гардид.

TRG FHI




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.