22-24 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Тоҷикистон дар мавзӯи «START Plus: идоракунии мизоҷони гирифтори бемории сил, бемории сили ба дору устувор ва сил/ВНМО» барои мутахассисони тиббии низоми ислоҳии кишвар ва ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ омӯзиш баргузор намуд.
Дар чорабинӣ, ки ҳадаф аз он омӯзиши равишҳои асосии барномаи START Plus ва ташаккули малакаҳои ташкили хизматрасонӣ буд, иштирокчиён оид ба роҳҳои интиқол ва пешгирии бемории сил ва БСДУ, вазифаҳо ва хизматрасониҳо дар доираи барномаи START Plus маълумот гирифтанд, инчунин дар бораи тарзи истифода бурдани алгоритми кор оид ба ошкор ва идоракунии беморони сил, ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сил дар байни маҳкумшудагон, дастгирии иҷтимоии маҳкумшудагони гирифтори бемории сил, БСДУ ва сил/ВНМО дар давраи озодшавӣ маълумот гирифтанд.
ТҶҶ «Афиф» амалисозии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Тоҷикистонро моҳи январи соли 2023 оғоз намуд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур коҳиш додани мушкилии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ошкоркунӣ ва гузоришдиҳии самараноки ҳолатҳои ҳамаи шаклҳои бемории сил, зиёд намудани шумораи беморони шифоёфта аз ҳама шаклҳои бемории сил, пурзӯр намудани пешгирии бемории сил тавассути васеъ намудани чораҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани чандирӣ/эътимоднокии низоми мубориза бо бемории сил дар ҳолатҳои фавқулодда дар низоми тандурустии ҷамъиятӣ мебошад.