Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Дар шаҳри Бохтар масъалаҳои беҳтар намудани ҳамкории Ташкилотҳои ҷамъиятӣ муҳокима шуданд

logo gf      gerb    logoafif1     logo undp 0

20 майи соли 2022 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» дар шаҳри Бохтар Вохӯрии кориро бо мақсади табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳо байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ (ТҶ) ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолият ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба пешгирии ВНМО ва бемории сил ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (ГОА) дар вилояти Хатлон дар ҳолати пандемияи сирояти коронавирус доир намуд.

Дар вохӯрӣ иштирокчиён таҷрибаи худро оид ба беҳтар намудани дастрасии ГОА ба пешгирии ВНМО ва сил, нигоҳубин, табобат ва дастгирӣ дар шароити пандемияи сирояти коронавирус мубодила карданд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи БРСММ-Тоҷикистон «Пурзӯркунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ ва табобатӣ барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Working meeting Bokhtar1      Working meeting Bokhtar2




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.