7 июни соли 2022, Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” ба марҳилаи II-юми лоиҳаи «Таҳкими иқтидори хадамоти тиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташхиси саривақтӣ ва ёрии тиббии босифат ба маҳкумшудагон»-ро оғоз намуд, ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии “Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад. Мақсади асосии лоиҳа мусоидат намудан ба таҳкими минбаъдаи иқтидори хадамоти тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) дар расонидани ёрии тиббии саривақтӣ ва босифат ба маҳкумшудагон дар доираи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №385 аз 25 июни соли 2020 «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» тасдиқ шудааст, мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои лоиҳа, муҷаҳҳазгардонии хадамоти тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, баргузории машғулиятҳо ва курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани тахассуси кормандони тиб ва инчунин гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотӣ барои маҳкумшудагон оид ба ҳифзи саломатӣ дар шароити маҳрумият аз озодӣ ба нақша гирифта шудаанд.