Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Омӯзишҳо оиди “Паст намудани сатҳи доғгузорӣ ва табъиз нисбати одамони бо сил дучоршуда ва гурӯҳҳои калидии аҳолӣ"

  yusaid1 0                                                                                        usaid

 

Маълумотнома

 

tjpost releas-17-20 augДар давраи аз 17 то 20 августи соли 2020, дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Темурмалик,  Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 омӯзишҳо дар мавзӯи “Паст намудани сатҳи  доғгузорӣ ва табъиз нисбати одамони бо сил дучоршуда ва гурӯҳҳои калидии аҳолӣ “ баргузор  гардиданд.

Дар омӯзишҳо 82 нафар кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ  аз чор ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлон (А. Ҷомӣ, Данғара, Темурмалик, Норак) -и лоиҳаи USAID оид ба бартараф намудани бемории сил дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни тренингҳо мафҳумҳои «доғгузорӣ» ва «табъиз» муайян карда шуданд ва масъалаҳо оид ба таъсиси сохтори устувори мубориза бо зуҳуроти доғгузорӣ ва табъиз дар соҳаи тандурустӣ, алахусус нисбати шахсони гирифтори бемории сил, муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, муҳокима шуданд.

Омӯзишҳо дар доираи Нақшаи муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» барои соли 2020 гузаронида шуданд.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.