Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

31 августи соли 2020, Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" филиали Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин намуд.

OSI                                                             logoafifPNG

 

press releaz 31 avg-TJ    31 августи соли 2020, Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" филиали Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин намуд.

    Ба системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон як аппарати  вентилятсияи сунъии шуш, генераторҳои оксигенӣ, пулсоксиметрҳо, тонометрҳо, плёнкаи рентгенӣ, таҳиякунанда, кассетаҳои рентгенӣ, таҷҳизоти сантехникӣ, асбобҳои рӯзғор, мебел, катҳои функсионалӣ ва тиббӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ, лавозимоти мулоим барои бистарҳо,  лампаҳои бактерисидӣ,  2press releaz 31 avg-TJмаводҳои безараргардонӣ, гипохлорити калтсий ва ғайра пешкаш   карда шуданд.

  Кӯмаки башардӯстонаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Тақвияти  иқтидори хизматрасонии тиббии муассисаҳои пенитенсиарӣ оид ба  пешгирӣ, ташхис, табобати сирояти коронавируси COVID-19 ва  таъмини назорати самараноки сироятӣ дар СРИҶҶи Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти  Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди Мадад дар  Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шудааст.

                 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.