Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Вохӯрии кории шарикони шабакаи хизматрасон дар доираи лоиҳаи USAID «Пешгирӣ ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ»

                                usaid                                   afif

 

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" иттилоъ медиҳад, ки 28 июли соли 2020 дар шаҳри Бохтар вохӯрии кории шарикони шабакаи хизматрасон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ», ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад.

DSC03226

Дар вохӯрии корӣ 33 намояндаи СРИҶҶ ВА ҶТ, Раёсати тандурусти ва хифзи ичтимоии аҳолии макомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Хатлон, Марказҳои ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, КАТС ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон иштирок карданд.

 

Дар рафти вохӯрии корӣ иштирокчиён оид ба масалаҳои бартараф намудани монеаҳои сари вақт муайян намудан ва табобати бемории сил дар маҳбасҳо, бақайдгирии собиқ маҳбусон дар марказҳои ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил ва пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба онҳо, ки дар доираи лоиҳа баррасӣ карда мешавад, муҳокима карданд.

Маълумот: Мақсади асосии лоиҳаи "Пешгирӣ ва табобатӣ бемории сил дар муассисахои ислохӣ" сафарбаркунии захираҳо ва мустаҳкам намудани иқтидори бахшҳои саломатии пенитенсиарӣ ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ (ТҶ) аз ҷиҳати татбиқи системаи устувори пешгирӣ, табобати саривақтӣ ва дастгирии пайравии табобати сил, сили мутобиқгашта ва Сил / ВНМО дар байни маҳбусон ва маҳбусон дар давраи озодшавӣ бо бемории сил, мебошад.

    




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.