МАЪЛУМОТНОМА
10 феврали соли 2017 дар шаҳри Қурғонтеппа вохурии кории намояндагони муассисахои тибби ва ташкилотхои чамъиятии шарикон баргузор гардид.
Дар вохурии корӣ 30 нафар намояндагони раёсатхои адлия ва тандурустӣ, ташкилотҳои чамъияти ва муассисахои тиббии вилояти Хатло, инчунин Сафир оид ба масъалаҳои ВНМО/БПНМ ва солимии шаҳвони репродуктиви ҷаноби Ламберт Грайнс иштирок намуданд.
Роҳбарони ташкиотхои чамъиятие, ки дар сохаи ВНМО фаъолият менамоянд, шариконро бо натичахои кории ташкилотхо дар соли 2016 ва накшахои кори барои соли 2017 шиносои намуданд ва ба саволҳои шунавандагон чавоб доданд.
Дар давоми чаласа, иштирокчиёни вохури бо натиҷаҳои ҳамгироӣ миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатии махаллӣ дар доираи Тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирии бемориҳои аз чихати ичтимои мухим дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар вилояти Хатлон шинос шуданд ва масъалаҳои мустахкамкунии ҳамкориро мухокима намуданд. То санаи 10 феврали соли равон 43 ташкилот ба тафоҳуми мазкур ҳамроҳшуда онро имзо намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷаноби Ламберт Грайнс иштирокчиёнро бо мақсади сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд ва оид ба накшаҳои Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия доир ба ташкил намудани Конфронси навбатии байналмилалии БНМО (AIDS-2018), ки дар шахри Амстердам дар соли 2018 гузаронида мешавад, сухан ронд.
Чорабинии мазкур бо дастгрии Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар доираи лоиҳаи «Кохиши норасои дар сохаи саломати ва хукук барои гуруххои осебпазири ахоли»-2.0» барпо гардид.