Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

10 феврали соли 2017 дар шаҳри Қурғонтеппа вохурии кории намояндагони муассисахои тиббии тибби ва ташкилотхои чамъиятии шарикон баргузор мегардад.

                                

 

МАЪЛУМОТНОМА
 
10 феврали соли 2017 дар шаҳри Қурғонтеппа вохурии кории намояндагони муассисахои тиббии тибби ва ташкилотхои чамъиятии шарикон баргузор мегардад.  
 
Дар вохурии кори  намояндагони 30 ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ  доир ба вазъияти эпидемиологии ВНМО, бемории сил ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози дар сохаи хизматрасонии тиббии махсусгардида дар вилояти Хатлон сухан меронанд.
 
Ҳамчунин дар вохури натиҷаҳои фаъолияти муштарак дар доираи Созишнома оид ба ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар соҳаи пешгирии беморихои аз чихати ичтимои мухим дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолии вилояти Хатлон фаъолият менамоянд,  пешкаш карда мешаванд.
 
Фаъолияти ба накша гирифта аз тарафи раёсати адлияи вилояти Хатлон бо дастгирии молиявии лоиҳаи «Кохиши норасои дар  сохаи саломати ва хукук барои гуруххои осебпазири ахоли»-2.0» баргузор мегардад.
 
Лоиҳаи «Кохиши норасои дар  сохаи саломати ва хукук барои гуруххои осебпазири ахоли»-2.0» аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад ва як қисми барномаи байналмилалӣ мебошад, ки  аз ҷониби консорсиуми ҳашт ташкилот дар шонздаҳ кишвархои Аврупои Шарки, Осиёи Маркази, минтакаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ва кишвархои Африқо, ки дар  ҷануби Сахара чойгир шудаанд, ичро карда мешавад.
 
Дар Чумхурии Точикистон, ташкилоти чамъиятии чумҳуриявии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб-Тоҷикистон" дар ҳамкории зич бо мақомотхои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ чорабинихо барои бехтар намудани дастрасии гуруххои осебпазири ахоли: нашъамандон, маҳбусон ва занҳои осебпазир, ба хизматрасонихои пешгирии ВНМО, табобат сил, табобат ва дастгири, ичро менамояд.
 
Дар лоиҳа ҳамчунин гузаронидани чорабинихо оид ба кам кардани сатҳи тамгазани ва табъиз дар ҷомеа нисбат ба гуруххои осебпазири ахоли  пешбинӣ шудааст, ки ин ба фарохам овардани шароит барои фарогирии пурраи гуруххои осебпазири ахоли бо барномаҳои пешгиркунанда, мусоидат менамояд.
 
 
 



Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.