ХАБАРНОМА
30-31 марти соли 2015 дар шахри Душанбе тренинги ««Табобати нашъаманди, табобати чойивазкунандаи ёрирасон (ОЗТ) ва баркароркунии ичтимоии наъшамандон» бо иштироки 20 коркунони тиббии муассисахои ислохи, наркологхо, мутахассисхои марказхои СПИД ва кормандони ичтимоии ташкилотхои чамъиятии, гузаронида мешавад.
Чорабинии омузиши мутобиқи нақшаи муштараки Сарраёсати иҷрои чазои ҷиноятии вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ва ташкилоти чамъиятии чумхуриявии «СПИД Фонд Шарку Гарб - Точикистон» баргузор мегардад.
Мақсади асосии тренинг баланд бардоштани донишу малакаи амалии мутахассисон доир ба ташкили муолиҷаи тиббӣ бемории наъшаманди, дастрас намудани хизматхои барномаи табобати чойивазкунандаи ёрирасон (ОЗТ) ва баркароркунии ичтимоии наъшамандон, аз он ҷумла наъшамандони бо ВНМО зиндагоникунанда дар муассисаҳои ислоҳӣ, инчунин дар давраи пас аз озодшави мебошад.
Чорабинии мазкур дар доираи лоихаи «Барномаи муштарак оиди пешгирии ВНМО дар байни махкумшудагон дар Казокистон, Киргизистон ва Точикистон» бо дастгирии Очонси ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) гузаронида мешавад.