11 апрели соли 2022 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» ба амалисозии лоиҳаи нав таҳти унвони «Мо зери як офтобем» шурӯъ намуд.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани дониши аҳолӣ дар бораи тамғагузорӣ ва табъиз, оқибатҳои манфии онҳо дар заминаи сирояти коронавирус (COVID-19), инчунин фароҳам овардани фазои мусоиди иҷтимоӣ барои дастрасии ҳамагон ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ оид ба ВНМО мебошад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, ки тӯли як сол идома меёбад, баргузории чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ, маърифатӣ, омӯзишӣ ва тарғиботӣ дар назар аст.
Лоиҳа аз ҷониби ширкати фармасевтии амрикоии Гилеад Сайенсис (Gilead Sciences Inc) маблағгузорӣ мешавад.