Саломатӣ-беҳтарин неъмат ва пирӯзии инсоният дар зиндагӣ аст. Чаро пирӯзӣ? Зеро он дар ихтиёри худи мост. Ба гуфтаи Анри Бек-драматург ва мунаққиди адабии фаронсавӣ: “Озодӣ ва саломатӣ ду чизи ба ҳам монанданд: Шумо онҳоро дар сурате қадр мекунед, ки аз даст медиҳед!”.
Имрӯз аз беаҳамиятӣ ва беэҳтиётӣ дар тамоми дунё аз бемориҳои гуногун миллионҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Инсоният дар ҳаёт бояд ба гирду атроф ва ҳатто ба чизҳои кӯчак низ назари ҷиддӣ дошта бошад. Зеро беморӣ чи сода ва чи мураккабаш ҳамагӣ зиёноваранд. Хусусан, бемориҳои сироятӣ, ки роҳҳои гузариши хеле содаро касб кардаанд. Яке аз бемориҳои хусусияти сироятидошта ва хавфнок барои ҷомеа ин бемории сил мебошад. Мувофиқи маълумотҳо ин беморӣ тахминан дар ҳайвонот 245 миллион сол пеш вуҷуд доштааст...
идома: http://moh.tj/?p=27433