Як сокини 20-солаи шаҳри Панҷакент, ки баъди гирифторӣ ба бемории сили ба дорувор устувор аз Коллеҷи тиббӣ хориҷ гардидааст, даъво дорад, ки дар ҷои таҳсилаш барқарор карда шавад.
Зулфия Эргашева, сокини деҳаи Ҳавзаки ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, соли 2019 баъди хатми мактаби миёна, тариқи Маркази милии тестӣ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил мегардад.
Тавре худи Зулфия дар сӯҳбат гуфт, баъди як моҳи таҳсил дар колеҷ, дар вуҷудаш бемории сили ба дорувор устуворро ташхис мекунанд. Баъдан ӯро барои табобат ба беморхонаи Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар байни халқ бо номи “ Беморхонаи Деҳмой” машҳур аст, мефиристанд. Ӯ аз санаи 7-уми октябри соли 2019 то санаи 17-уми декабр дар ин бемористон муолиҷа мегирад.
Моҳи феврали соли 2020, вақте табибон хулоса медиҳанд, ки ӯ дигар барои атрофиён манбаи сироят нест, ба коллеҷ омада мехоҳад, ки таҳсилашро идома диҳад, аммо ба Зулфия мегӯянд, ки ӯро хориҷ кардаанд.