12 августи соли 2020 дар шаҳри Хучанд вохӯрии кории шарикони шабакаи хизматрасони дар вилояти Сугд баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад.
Дар вохӯрии корӣ 31 намояндаи Раёсати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии макомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Сугд, Марказҳои ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд, шӯъбаи кӯмак ва ҳифзи иҷтимоӣ, раёсати Ҳадамоти муҳочирати Вазорати меҳнат, мухоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд, Маркази солимии репродуктиви дар вилояти Сугд, КАТС ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Сугд иштирок карданд.
Дар рафти вохӯрии корӣ иштирокчиён оид ба масалаҳои мустаҳкам намудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар байни сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ оиди пешгирӣ ва назорати бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва гурӯҳҳои осебпазир. Инчунин иштирокчиён якҷоя роҳҳои эҳтимолии бартараф намудани монеаҳо ва коҳиш додани тамғагузорӣ ва табъизро дар табобати сил дар байни гурӯҳҳои осёбпазир баррасӣ карданд.
Маълумотнома: Мақсади лоиҳаи «USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ» ин паст кардани маҳдудиятҳои бемории сил дар Осиёи Марказӣ тавассути устувор намудани иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар муайян намудани ва табобати бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва инчунин дар байни шахсоне, ки махсусан аз ин беморӣ зарар дидаанд, мебошад.
Лоиҳаи мазкур дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд амалӣ мегардад: шаҳрҳои Данғара, Норак, Панҷакент, Хуҷанд, Исфара и ноҳияҳои Темурмалик, Ҷоми, Ашт, Матчоҳ, Бобочон Ғафуров, Спитамен и Ҷабор Расулов.