Ташкилоти ҷамъиятииҷумҳуриявии СФШҒ–Точикистон тачрибаи худро оид ба ворид намудани хизматрасонии машварати ихтиёрии то-тести ва ташхиси фаврии ВНМО (МИТ) дар назди ташкилотхои чамъияти мубодила намуд.
07 апрели соли 2017 дар ш. Кургонтеппа машварат-чаласа дар мавзуи «Ворид намудани хизматрасонии машварати ихтиёрии то-тести ва ташхиси ВНМО (МИТ) дар назди ташкилотхои чамъияти» баргузор гардид.
Дар чорабини намояндагони ташкилотхои ҷамъиятии хизматрасони ВНМО аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиени чаласа бо марҳилаҳои асосии кор, хуччатгузори, талабот барои таҷҳизонидани хучраи МИТ, тайёр намудани мутахассисон ва инчунин бо раванди банакшагирии буча барои амалӣ намудани хизматрасониҳои МИТ шинос шуданд.
Пас аз анҷоми қисми назариявӣ, иштирокчиён тавонистанд бо фаъолияти хучраи МИТ дар назди Намояндагии СФШГТоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шаванд ва ба саволҳои худ ҷавоб гиранд.
Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Маркази пешгири ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар вилояти Хатлон дар доираи лоиҳаи «Кохиши норасои дар сохаи саломати ва хукук барои гуруххои осебпазири ахоли-2.0» гузаронида шуд.