1 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар толори бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуали Ибни Сино дар чорабинии бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ “Афиф” дар доираи лоиҳаи “Мо зери як офтобем”, ки аз ҷониби Gilead Science Inc. маблағгузорӣ мегардад, гӯшаи иттилоотӣ бо гузаронидани викторина байни иштирокчиён оиди саволҳои дар бораи сирояти ВНМО бо дастрас гардидани китобча “Бофтаҳои хаёлиӣ дар бораи ВНМО ва БНПМ” ташкил ва баргузор намуд.
Иштирокчиёни, ки ба саволҳо ҷавоби дуруст додаанд бо тӯҳфаҳои, ки дар доираи лоиҳаи мазкур омода шуданд қадрдонӣ шудаанд (борхалта, футболка, кепка).
Ҳамзамон дар доираи чорабинии дар боло қайд гардида маросими сарфароз кардани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Мо зери як офтобем” байни рӯзноманигорон ва блогеро дар се номина “Беҳтарин маводи чопӣ”, “Беҳтарин блог-мавод”, “Беҳтарин гузориши телевизионӣ”, ки ТҶҶ “Афиф” ташкил намуд бо ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ қадрдони гаштанд.
Бояд қайд намоем, ки ТҶҶ “Афиф” дар ҳамбастагӣ бо Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар дар доираи Лоиҳа ҷорабиниҳои иттилоотӣ ташкил ва баргузор намуд.
Ҳамчунин, дар доираи Лоиҳа аз ҷониби ТҶҶ “Афиф” видеои иҷтимоӣ “Мо зери як офтобем” омода гардид, ки он аз 20 ноябр то 10 декабри соли ҷори дар шабакаҳои “Тоҷикистон”, “Тв Сафина” ва “Тв Варзиш пахш шуда истодааст.
Дар маҷмӯъ фарогирӣ бо чорабиниҳои иттилоотӣ зиёда аз 3 млн. одам ташкил додан.
Маълумотнома: Лоиҳа “Мо зери як офтобем” бо мақсади паст кардани таъсири манфии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити сирояти коронавирус бо роҳи баргузории чорабиниҳои иттилоотию омузишӣ, равшаннамоӣ байни аҳолӣ бо истифодаи усулҳои иннаватсионӣ, ки барои ташаккули низоми хуби иҷтимоии, ки дар он табъиз ва доғдоркунии шахсони, ки бо ВНМО зист менамоянд равона карда шуд.