Тамоми беморони хепатити вируси, ба истиснои хепатити А, бояд дар шӯъбаҳои сироятии беморхонахо табобат карда шаванд. Асоси табобати беморон аз реҷаи нимбистарӣ, парҳез (истеъмол накардани машрубот, ғизои бирёншуда, дудхӯрда, равғанҳои мушкилобшаванда, консерваҳо, хӯришҳои тунду тез, қанду шоколад), истеъмоли витаминҳо иборат мебошад, ки барои табобати беморони гирифтори шаклҳои сабуки хепатити А ва Е кифоя мебошад.
Ҳангоми хепатитҳои вируси В ва С, ки бо хавфи музминшавӣ ҷараён мегиранд, айни замон табобат бо интерферон гузаронида мешавад, ки бинобар нобуд кардани вирус нигаронида шудааст.
Ҳангоми хепатити шадиди В ин беморони шакли зардчатобшавӣ, бидуни зардчатобшавӣ ва беаломат мебошанд. Дар чунин беморон бидуни истифодаи интерферон хепатити музмин дар 15%-и чунин ҳолатҳо инкишоф меёбад, ҳангоми табобат бо интерферон бошад –дар 3% чунин ҳолатҳо.
Ҳангоми хепатити С ба хамаи беморон дар давраи шадиди беморӣ, хусусан шакли бидуни зарчатобшавӣ, табобат бо интерферон лозим аст. Мавриди таъин кардани интерферон шифоёбӣ дар 60% беморон ба амал меояд, бидуни интерферон бошад – дар 15-20% беморон.
Ҳангоми хепатити музмин табобат бо интерферон шифоёбии устувори 35-40% беморони хепатити В-ро таъмин намуда, дар беморони хепатити С шифоёбӣ 20-30%-ро ташкил мекунад. Ҳангоми дорандагии музмини вирусҳои хепатити В ва С интерферон истифода бурда намешавад.
Бо назардошти он, ки ҳангоми таъин кардани интерферон (хол он ки интерферон арзиши баланд дорад) то қадри имкон дар давраҳои бармаҳали сироятшавӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои афзалиятноки табобат имконпазир аст. Давраи муолиҷаи хепатити шадиди В ва С бо интерферон 3-моҳро, давраи муолиҷаи хепатити музмини В 6-моҳро ва давраи муолиҷаи хепатити музмини С 12-моҳро дар бар мегирад.