Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Табобати сирояти ВНМО дар кӯдакон

То ба ҳолати имрӯза пешравӣ ва дастоварҳо нисбати бо пуррагӣ аз организм нобуд сохтани вирус муяссар нагрдидааст. Чунин табобатро бояд гузаронид, ки он ҷараёни афзоишу зиёдшавии вирусро то ҳадди имкон ба камӣ овард мерасонад.  Бо ин мақсад ангораҳои қолибии гуногуни табобат истифода бурда мешавад, ки имконият медиҳанд ҳаёти одами сироятёфтаи ВНМО–ро дароз намояд.

Табобати сирояти ВНМО дар кӯдакон гузаронидани табобати хоси зидди ретровирусӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҳамроҳикунанда (ҳамроҳишаванда) ва аз байн бурдани аломатҳои вайроншавӣ ва ё иллатнокиро дарбар мегирад. Дар кори амалияи тибби муосири ҳозиразамон мавод (дорувориҳои) зиддивирусӣ, бастани ҷараёни таҷзияи транскриптази мутақобил (бо нуклеозидҳо ва ненуклеозидҳои ҳаммонанд)  ва ҷараёни таҷзияи протеаз (пайванди сафедаҳо).  Аз ҳама бештар ангораи қолибии аз се намуд дорувориҳо таркибёфта- ду нуклеозиди ҳаммонанд ва як протеаз самарнок ҳисобида мешавад. Хости таъинотии дорувориҳои аниқи муайян, ангораи қолибии қабулу истифодабарии онҳо барои ҳар як кӯдак дар алоҳидагӣ (индивидуалӣ) интихоб карда мешавад, ки онҳо дар баробари ин дар як вақт ба тариқи доимӣистифода бурда мешавад. Дар ин ҷода падару модар (волидайн) вазифадоранд, ки аз руи он назорат баранд, то ин, ки доруворӣқатъӣ вобаста ба реҷа бо  риояи ҳамаи воя ва тавсияҳои пешбинишуда қабулу истифода карда шавад.  Ғайр аз ин, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки аз руи реҷаи тӯшаи ғизоии хӯроки  (ҳиссаи хӯрок) кӯдак- чун қоида, ба кӯдакони нисбати сирояти ВНМО мусбӣ мансубиятдошта  меъёрӣ нерӯнокӣ ва калорияро ба 30%-вобаста аз меъёрӣумумии синну солӣумумӣзиёд менамоянд.

Инчунин, вобаста ба вуҷуд доштани бемориҳои ҳамроҳишаванда (ҳамроҳикунанда) табобати хоси нисбат ба бемоиҳои муайяншуда истифода бурда мешавад (антибиотикҳо, маводҳои дорувории зиддисилӣ, зиддивирусӣ, зиддизамбурӯгӣ ва ғ.) ва табобати нисбат ба аломатҳо (маводҳои дорувории ҳароратпасткунанда, зиддигистаминӣ (зиддишаровӣ), истифода аз микроорганизмҳои ёрирасон (пробиотикҳо), маҷмӯи витаминҳо, табобати зидди заҳролдудшавӣ) истифода бурда мешаванд.

Хусусиятҳои хоси парасторӣ, нигоҳубин, хӯрокхурӣ ва эмгузаронии кӯдакони ба сирояти ВНМО мусбӣ буда.

Ҳамаи кӯдакони ба сирояти ВНМО мусбӣ буда, дар қайди педиатри маркази пешгирӣ мубориза бар зидди БПНМ, педиатри минтақавӣ ва фтизиатри кӯдакона.

Муоинаи кӯдакони ба сирояти ВНМО мусбӣ буда аз ҷониби педиатри маркази пешгирӣ мубориза бар зидди БПНМ на кам аз1 маротиба дар 3 моҳ гузаронида мешавад.

Дар қабулгоҳи маркази пешгирӣ мубориза бар зидди БПНМ ченкунии қаду қомат, муоинаи педиатр, баҳодиҳии ҳолати масуният (гирифтани хун барои муайян намудани миқдори CD4-лимфоситҳо) ва сарбории вирусӣ муайян карда мешавад.

Эмгузаронии кӯдакони ба сирояти ВНМО мусбӣ буда, дар марказҳои саломатии воқеъ ҷойи зисту истиқомат мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи эмгузаронии кӯдакон гузаронида мешавад.

Кӯдакони ба сирояти ВНМО мусбӣ буда, нерӯнокӣ ва калорияи хӯрокро ба ҳисоби миёна ба 30% нисбат ба меъёрҳои синну соли зиёд кардан тавсия дода мешавад.

Муоинаи фтизиатр  1 маротиба дар 12 моҳ гузаронида мешавад.

ТУХ –таҳлили умумии хун, ТУП-таҳлили умумии пешоб, таҳқиқи биокимиёвии хун 1 маротиба дар 6 моҳ гузаронида мешавад.

ЭЗОҲИ МУҲИМ: кӯдакони ба сирояти ВНМО мусбӣ буда, дар асоси тартиби умумӣ ба боғча ва яслии кӯдакона ва мактаб равона гашта, ташриф меоранд. Дар мувофиқа бо розигии падару модар (волидайн) танҳо корманди тиббии муассисаи кӯдакона ва ё мактаб оиди статуси сирояти ВНМО-и кӯдак метавонад маълумот гирад. 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.