Мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имконоти мавҷуда ва воридоти дастгоҳи муосири тиббӣ чанде қабл нахустин маротиба дар мамлакат ҷарроҳии саратони бачадонро бо истифодаи таҷҳизоти эндовидеоӣ муваффақона анҷом доданд.
Тавре директори маркази мазкур Зафар Ҳусейнзода иброз дошт, ин намуди ҷарроҳии мураккаб қаблан дар хориҷи кишвар гузаронида мешуд, ки сарфи маблағ ва вақти зиёдро талаб мекард...