Ибрагимов Икрам | Директори ТҶҶ "Афиф"
Шиори ӯ дар зиндагӣ ва кор: "Ҳеҷ коре накун, ки боиси сархамӣ гардад, худро эҳтиром намо" Дорои тамоми сифатҳое мебошад, ки ба роҳбари хуб лозим аст. Сарварӣ дар ниҳоди ӯст. Аз хурдӣ дар байни ҳамсолон ва дӯстони худ пешво буд. Зирак ва оқил, ҳазли нозук дорад. Одилу обрӯманд, меҳрубон ва дар айни замон хеле сахтгир аст. Аз кормандон интизоми қатъӣ ва риояи бечунучарои ӯҳдадории вазифавиашонро талаб мекунад. Ҳамеша кормандонро ба пешравӣ ва рушд талқин месозад. Агар вазъияти душвор ба миён ояд, аз рӯи мақоли: "Ҳафт бор чен кун, як бор бур" амал мекунад. Вазъро пурра таҳлил намуда баъд ба як қарор меояд. Барои расидан ба мақсади пешгузошта мекӯшад ва барои ин тамоми иқтидори худро истифода мебарад. Барои Икром ҳайати кормандони ТҶҶ “Афиф” оилаи ӯст, оила бошад, давлату сарвати ӯст. Дар инсонҳо ростқавлӣ, одоб ва хоксориро қадр мекунад, аммо бемасъулиятӣ, дурӯғ, ҳасад ва кунҷковии носолими дигаронро таҳаммул карда наметавонад. Икром футболбози хуб аст, зеро ин шуғли дӯстдоштаи ӯст. Арзишҳои ҳаётӣ барои ӯ муҳаббат, рушд ва худшиносӣ аст. Мисли ҳамаи одамони рӯи замин хушбахт будан мехоҳад. Хушбахтӣ барои ӯ аз зиндагӣ комёб будан аст. |
Хаирова Жанна | Менеҷери молиявӣ
Жанна Афифро, ки ҳамеша бо одамони зебо пур аст, хонаи худ меҳисобад. Ӯ бо ҳамкасбон муомилаи боваринок ва ҳамдигарфаҳмӣ дорад. Жанна модари се духтари зебо мебошад. Жанна шиноварӣ ва пиёдагардиро дӯст медорад. |
Алмухамедова Олга | Менеҷери идоравӣ
Ольга ду писарро ба воя расонида, ба онҳо тавонист ҳисси эҳтироми калонсолро тарбия намояд. Ӯ филмҳои илмию оммафҳам ва аҷоибро дӯст дорад. |
Орипова Саодат | Менеҷери лоиҳаҳо
Рӯзи беҳтаринро дар ҳаёти худ он рӯзеро ҳисоб менамояд, ки вақте ки бо ҳамсари ояндааш вомехӯрад, ки бо ӯ се духтари зеборо тарбия намудааст. Ӯ ба хондан шавқи зиёд дошта, дар шаҳр пиёдагардиро дӯст медорад. |
Убайдуллоева Taҳмина | Мутахассис оид ба робита бо ҷомеа/мутахассиси лоиҳа Шиори ӯ: " Имрӯз бизӣ, бо умед ба оянда ва сабақ аз гузашта" Таҳмина хоксор ва меҳрубон аст. Ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва супоришҳои роҳбариятро бо масъулияти том иҷро мекунад. Кори худро дӯст медорад. Омӯзиши чизҳои нав барои ӯ ҳамеша ҷолиб аст. Ӯ ҳассос аст ва бо ин хислаташ аз дигарон фарқ дорад. Ҳамаи хислатҳои неки инсониро дар дигарон қадр мекунад, аммо дурӯягӣ ва дағалиро таҳаммул намесозад. Ҳамроҳи шавҳараш ду писари дугоникро ба воя мерасонад.Фарзандонаш барои ӯ маънии зиндагиянд. Агар вақти холӣ ёбад, ҳикояҳо ва афсонаҳо эҷод мекунад, инчунин бо тарҷумаи осори адабӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ ба тоҷикӣ машғул мешавад. Орзу дорад, ки ҳама одамон дар дунё дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд. |
Аҳмадҷонов Рустам | Мутахассис оид ба молия
Шиори ӯ: "Дар ҳама гуна вазъият инсон будан" Рустам шаҳси одилона, бо эътимод, хоксор ва ҷасур мебошад. Ӯ ифтихор мекунад, ки дар ТҶҶ "Афиф" байни кормандони баланд ихтисос дар коллективи дӯстона фаъолият мекунад. Ӯ дар ҳар гуна ҳолати мушкил қарори дуруст пайдо менамояд. Сарфи назар аз он ки, вазифаи мазкур барои ӯ нав мебошад, Рустам барои баланд бардоштани малакаи худ фаоълият мекунад. Дар шаҳс одамгарӣ, ростқавлӣ, садоқатмандӣро қадр менамояд. Хусусиятҳои манфии рафтори одамон ғазаб, ҳасад, тамаъ, тарсончакро ҳисоб мекунад. Ӯ ойладор аст ва ифтохор мекунад, ки оилаи ҷавонаш мустаҳкам аст, дар он фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамҳонагӣ ва дастгирӣ вуҷуд дорад. Вай тарзи ҳаёти фаъолро пеш мебарад, ки дар он ҷо барои варзиш ва сафар ҷои махсус вуҷуд дорад. Ба фаҳмиши ӯ хушбахтӣ ҳолати рӯҳӣ аст, ки ба некӯаҳволии моддӣ ва мавқеъ дар ҷомеа вобаста нест. Ин ҳолатест, ки дар он шахс танҳо хушбахт аст. Орзуи боздид аз сайёраи дигар ва дидани тамаддуни нав. |
Алимова Қурбонгул | Мутахассиси лоиҳа
Қурбонгул ба ҳамаи фарзандон ва набераҳои худ хислатҳои хуби худро тарбия намудааст. Қурбонгул сафар карданро дӯст медорад ва орзу дорад, ки ба Италия сафар кунад, чунки барои ӯ рӯҳан мувофиқ аст. |
Тешабоева Маликахон | Корманди иҷтимоӣ
|