Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди вобастаги аз нашъаманди

Ассалом. Бародари ман истеъмоли героинро катъ намуд. Аммо у ба нушидани арак гузаштааст. Эхтиромона хохишмандам бигуед. Аломатхои мастшави (алкоголизм) аз чанд мархила иборат мебошанд? Ташаккур.

Салом!

Аввалан гуфтаниям, ки бародаратон барои худдори намудан аз маводи нашъадор, машруботи спиртии аракро барои шикастани хумори маводи нашъдор, ки дар натича холати худро душвор намуда ба пайдо шудани бисёрншаъмандї ё ин ки ба оризаи нашъаманди мерасонад. Хубтарш у саривакт ба мутахасиси сохаи наркология мурочиат намояд.

Бемории майзадагии музмин се мархиларо дар бар мегирад. Аз нуктаи назари ташхиси аломати мухими мархалаи якум майли патологи ба машрубот хисоб мешавад, ки он дар шакли вазъияти-вобастаги зухур меёбад. Дар ин чо майл ба машрубот дар вазъиятхое пайдо мешавад, ки бо имконияти истеъмоли он вобастаанд, ба монанди маросимхои оилави, муносибат ба фаъолияти касби ва гайра.

Дигар аломати мархалаи якум тадричан суст шудан ва дар охир нест шудани рефлекси кайкуни хангоми зиёд истеъмол кардани шароб аст, ки он яке аз махакхои объективии барвактии суст шудани функцияхои химоякунандаи организм ба таъсири захрноки машрубот мебошад. Гумшавии рефлекси кайкуни бо зиёдшавии тобовари ба машрубот якчоя чараён мегирад, ки акнун меъёрхои одати холатхои мастшавии пеш-тараро ба вучуд намеоранд. Токатпазири ба машрубот 2-3 маротиба меафзояд, ба истеъмоли машруботи спиртии дарачааш баландтар мегузаранд. Барои ин мархалаи бемори нестшавии назора аз болои меъёри машрубот хос аст. Ин холат дар он мушохида мешавад, ки бемор ба чукуртар кардани холати масти то дарачаи миёна ва хатто то маст шудан кушиш мекунад.

Дар мархалаи дуюм нишонахои мархалаи аввал (майли ибтидоии патологииба машрубот, фаромушхотирии масти) вазнинтар мегарданд. Дар ин катор ихтилолоти дигар низ пайдо мешаванд. Ин пеш аз хама нишонаи пархезгории (синдроми абстиненти), инчунин тагйирёбии манзараимастшави, характери бадмасти, ташаккули хусусиятхои майзадагии шахсият мебошанд.

Дар мархалаи дуюми бемори гумшавии назорат аз болои меъёр мушохида мешавад, дар ин холат истеъмоли меъёри муайяни машрубот хохиши давом додани нушиданро пайдо мекунад. Аломатхои зохирии гумшавии назорати меъёр кушиши хар чи зудтар нушидани машруботи бадастоварда, тезтар гуфтани нушбод, аз атрофиён зиёдтар нушидан мебошад. Дар ин мархалаи беморихолатхи этики ва ичтимои аллакай ба истеъмоли машрубот монеъ намешаванд, ки дар натичаи он дар хама холатхо мастшавии миёна ва ё вазнини рух медихад. Дар мархалаи дуюм дар беморон тобовари ба машрубот зиёд шуда, ба дарачаи максимали мерасад ва то муддати муайян бетагйир мемонад. Дар ин мархала меъёри шабонарузии машрубот 1-1,5 литр шаробро ташкил медихад.

Аломати асоситарини мархалаи дуюми майзадаги нишонаи пархезгории (абстинентии) машруботи мебошад, ки баъди 8-10 соати бас кардани истеъмоли машруботи спирта сар мешавад. Дар ин хол ихтилолоти соматонегативи ба мисли гиперемия ва варами руй, хушкшавии патдохои луоби, гипергидроз, хиссиёти нохуш дар минтакаи дил, хисси дилзании зиёд, аз кор мондани дил, тахикардия, хангоми ичрои кор на чизи чисмони хис шудани дарди зури дил, ки баъзан ба дасти чап, шона низ мегузарад, баланду пастшавии фишори хун, сарчархзани, дарди сар, тремор (ларзандаги), зиёдшавии нафаскаши, хисси нарасидани хаво, пастшавиё набудани иштихо, ташнаги, дилбехузуршави, камшавии пешоб ба миён меояд.

Дар мархалаи дуюми бемори тагйироти шахсият пайдо мешавад, ки он дар баъзехо дар намуди хаячонноки, оташини, дагали, бешарми, чанчоли, дар дигарон бошад дар, намуди дуруггуи, кушиши ба худ чалб кардани дигарон, майл ба шухихои фач, далелхои ва мухокимахои сатхи, дар шахсони сеюм бошад дар бефарки, пастшавии шавку хавас, бемадории асабикунанда, мондашави ошкор карда мешавад. Дар бисёр беморон нишонаи машруботии анозогнозия (дарднофахми) набудани танкид ба холати худ мушохида мешавад. Зухуроти дезадабтацияи ичтимои ва мехнати дар ин мархалаи бемори дар он аст ки беморон алокахои пештараи ичтимои ва оилавиро гум мекунанд, тез-тез чои кори худро иваз менамоянд, бо ихтисоси паст кор мекунанд.

Дар мархалаи сеюми майзадаги аломатхои мархалахои пешина минбаъд ташаккул меёбанд. Барои ташхиси мархалаи сеюми майзадаги дар катори пастшавии тобовари пайдо шудани бадмастии зиёд (запой), мавчуд будани аломатхои таназзули машруботии шахсият, чукуршавии окибатхои ичтимои ва чисмонии майзадаги ахамияти мухим доранд.

 

Бо эхтиром,

Махмадрахим Малахов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.