Оиди вобастаги аз нашъаманди
Меҳмон
23.10.2013
дар Точикистон аз наркозависимост дар кучо табобат гирифтан мумкин аст? сурога. ва условияхои табобат?
Дар Чумхурии Точикистон беморон бо ташхиси нашъаманди, майзадаги ва захрманди метавонанд дар муассисахои давлатии тибби табобат гиранд: 1) Маркази Чумхуриявии Клиникии Наркологи ба номи профессор М.Г.Гуломов, ш.Душанбе, нохияи Фирдавси, кучаи 40-солагии Галаба, бинои - 3 (Пушти бозори Султони Кабир). 2) Маркази наркологии вилояти № 1 ш.Кургонтеппа, Вилояти Хатлон, ш.Курготеппа, кучаи З.Космодемянская бинои - 13 (пушти заводи трансформатор). 3) Маркази наркологии вилояти № 2 ш. Кулоб 4). Маркази наркологии вилоятии ш.Хучанд. Вилояти Сугд, ш.Хучанд, кучаи Академик Рачабовхо, бинои - 6. 5) Маркази наркологии вилоятии ш.Хоруг, ВМКБ, ш.Хоруг, кучаи Равшанбек, бинои - 1. Инчунин дар Беморхонаи Чумхуриявии Клиникии беморихои рухи. Нохияи Рудаки, дехаи Медик. Шароитхо: Дар марказхои дар боло зикршуда табобати "детокс" гузаронида мешавад(безахролудгардони, мадорбахш, алоими ва кувватдиханда). Аз руи накшаи протоколи табобат - 21 руз давом дорад. Табобат бо тарики худмурочиат, яъне бо хохиши бемор. Табобати мачбури факат бо хукми суд (моддаи 101, яъне табобати мачбури, бо хулосаи экспертизаи судии наркологи). Дар Маркази Чумхуриявии Клиникии Наркологи ба номи профессор М.Г.Гуломов табобат бо тарики худмаблаггузори (пулаки) амали мекунад, дар асоси фармони Хукумати ЧТ №600 аз соли 2011. Пас аз табобати "детокс" беморони нашъаманд боянд табобати баркароркунии тиббии ичтомои гузаранд(реабилитация) дар Маркази Чумхуриявии баркароркунии тиббии ичтимои Тангаи. Сурога: ш.Вахдат, чамоати Симиганч, кишлоки Тангаи (аввалин бинои санаторияи пулмонологии кудакон Тангаи). Табобати баркароркуни то 6 мох ба накша гирифта шудааст. Табобат ройгон мбошад. Бо эхтиром, Н.Маликов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо