Оиди вобастаги аз нашъаманди
насим
09.11.2013
Оё табобати ивазкунадаба кавле (метадон) ба шахри Кулоб бари НТ ш Кулоб дастрас мешуда бошад дар солхои оянда.
Ба саволи Шумо коргарони UNDP(Хазинаи Глобали), шуъбаи пешгирии нашъаманди чавоб дода метавонанд. Аз назари шахсии худ баён мекунам: Нуктахои табобати чойивазкунандаи ёрирасон аз тарафи UNDP(Хазинаи Глобали), инчунин UNODS дастгири карда бо мувофикаи Вазорати Тандурустии ЧТ кушода мешавад. Пеш аз кушодани НТЧЁ (ОЗТ) дар ягон минтака сараввал ба вазъияти омории беморони нашъамандони бо рохи тазрики (сузандору) истеъмол кунандагонро, ба вазъияти кадрхо, мутахассисон ва инфраструктураи минтакаро ва кобилияти маблаггузории худро ба назар мегиранд. Дар ш.Кулоб беморони нашъаманди тазрики мумкин бисёр бошад, лекин аз руи шумораи омори беморони нашъаманди дар Маркази вилоятии №2 ш.Кулоб дар кайдбуда аз 400 нафар беморон зиёд нестанд ва норасоии мутахассисони нарколог мушохида карда мешавад. Маъмурият, ё рохбарияти ниёзманд ба НТЧЁ худхаракатиро баён намуда бо ариза бо хохиши кушодашави НТЧЁ баромадан лозим ва UNDP ба назар гирифта, омузиши коргарони тибб, мусоидат ба фарохам овардани шароити НТЧЁ ва маблаггузори хохад кард. Аз руи накша то охири соли 2013 кушодашавии як нуктаи ТЧЁ дар ш.Кургонтеппа дар назар гирифта шудааст. Бинои нуктаи ТЧЁ навтаъмиршуд ва коргарони тибб омузонидашудаанд. Бо эхтиром, Н.Маликов.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо