Ассалом!
Дуруст кайд кардед, ки занхои истеъмолкунандагони маводњои нашъаовар бенасл мешаванд. Сабаби ин холат, ки ин маводхои нашъаовар ва тиракунандаи асаб ба организм таъсири манфи мерасонад, аз чумла ба мубодилаи моддахо, таъсири он ба гадудхо ва катъшавии хайз оварда мерасонад, ё ин, ки занхои нащъаманд ба гирифтори бемории сирояти бо рохи чинси гузаранда гирифтор мебошанд ба дуруст обистан (хомиладоршави) халалдори намуда ба афгона (бачапартои) оварда мерасонад. Бенасли дар занон омили муваккати шуда метавонад. Хангоми худдори намудани тулони аз истеъмоли маводхои нашъаовар, пас аз давр хайз баркарор мешавад ва баъди табобати бемории бо рохи алокаи чинси гузаранда метавон гуфт оиди хомиладоршави. Мисол: хангоми кабули занон ба барномаи табобати чойивазкунандаи ёрирасон бо усули метадон (заместительная терапия) буданд заноне, ки давраи тулони (аз 3 то 8 сол) хайзбини (бенамози) дар онхо набуд ва пас аз 6-11 мох дар барнома будан, ки аз истеъмоли наркотикхо худдори намуданд боз хайз баокарор шуд. 2 нафар зан кудаки солим таваллуд карданд.
Бо эхтиром
Наимчон Маликов.