Салом. Ташаккур барои савол. Мутаъсифона дар Ҷумҳурии мо сол то сол шумораи сироятёфтагон зиёд шуда истодааст. Ҳар сол аз 100 то 1200 нафар ҳолатҳои нав ба қайд гирифта мешаванд. Новобоста ба корҳои фаҳмондадиҳи ки дар байни мардум гузаронида мешавад имрузҳо аз тарафи муҳоҷирони меҳнати, ки бисёртар ҷавононро ташкил медиҳанд ҳолатҳои нави ВНМО ба кайд гирифта шудаистодааст. Нисбати дорувори ҳаминро бояд қайд кунам, ки аллбати нисбати солҳои пешин дар Ҷумҳурии мо пешравиҳо ҳаст ва дар рафти табобат натиҷаи хуб дода истодааст. Айни замон дар Аврупо доруҳои шакли обаки (инекционный) баромадааст, ки шаш моҳ пас як маротиба қабул кардан лозим ва бисёр натиҷаи хуб нишон дода истодааст.