Салом. Ташаккур барои савол. Сирояти ВНМО тавасути палатенца намегузарад. Дар ҳолати Шумо хатари сироятёби бештар ҳангоми риштароши мебошад, чунки вирус метавонад дар асбоби риштароши ҳангоми олуда шудан бо хуни бемор боқи монад ва боиси сироятёби гардад. Вале асбоби риштароши тамиз (дезинфекция) шуда бошад то риши Шуморо тарошида дар ин ҳолат хавотир нашавед, чунки вируси ВНМО ҳангоми тамизгардони зуд нест мешавад.
Дар чунин ҳолатҳо яъне ҳангоми алоқа бо хун ё дигар моеъҳои биологи, Шумо метавонед ба Марказҳои ВНМО муроҷиат намуда табобати пешгиркунандаи бемории ВНМО-ро гиред.