Ассалому алейкум. Ташаккур барои савол.
Давраи ниҳонии бемории ВНМО аз 3 то 6 моҳ мебошад, ва тавсия медиҳам, ки баъди шаш моҳи охирин хатари сироятёби такроран аз ташхиси ВНМО гузаред. Нисбати сафедшавии забон дуруст аст дар натиҷаи истифодаи антибиотикҳо сатҳи иммунии организм паст гашта ба чунин холатҳо оварда мерасонад. Ва аз ҳисоби дигар бемориҳои сирояти ҳам пайдо шуданаш мумкин.
Бо эҳтиром,
Рамшед Холназаров