Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом пас аз 3 мохи алокаи чинси комбо тест супоридам вич сифлис манфияй чанд фоиз ки дар ман хамин чиз нест? Лек забонам сафед шудааст танаам мехора мегуянд ки аз хисоби асаб муи сарамхам рехта истодааст

Ассалому алейкум. Ташаккур барои савол.

Агар хатари сироятёби бо ВИЧ дошта бошед боз баъди шаш моҳ аз рузи ба хатар дучор шуданатон такроран аз ташхиси ВНМО гузаред. Чунки давраи ниҳонии сирояти ВНМО аз 3 то 6 моҳ мебошад. Дар ин давра ташхис метавонад манфи нишон диҳад.

Нисбати сафедшавии забон ҳаминро бояд қайд кунам, ки ин аломат дар бисёр бемориҳои сирояти во мехуранд. Ба монанди стоматит, малочница (кандидоз), паст шудани ҳолати иммунии бадан ва ғайраҳо.

Барои муайян намудани сабаби сафедшавии забон бояд таҳлилҳои биохимиявии хун барои муайян намудани қанди хун, ташхис барои муайян намудани пингментҳои талхадон, муайян намудани бемориҳои меъдаю руда, ВИЧ, гепатитҳои В ва С супоридан лозим.

Бо эҳтиром,

Рамшед Холназаров 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.