Воалейкум ассалом. Ташакур барои савол.
Ҳастанд вирусҳое, ки хело тобовар ҳастанд. Ба монанди вируси гепатитҳои В ва С ки метавонанд солҳо дар дилхоҳ асбоб боқи монанд. Дар тарқиби хун дар ҳарорати 30°С метавонад то 6-моҳ зинда монад. Дар ҳарорати −20°С то 15 сол; дар тарқиби плазмаи хун то — 25 сол метавонад зинда монад.
Вируси ВНМО бошад дар шароити беруна тобоовар нест ва дар муддати кӯтоҳ (то якчанд соат) қобилияти сироятии худро гум мекунад. Аммо давомнокии фаъолнокии вирус аз бисёр омилҳо вобастаги дорад, масалан ҳарорати беруна, ҳачми моеъи биологи ва ғайра.
Бо эҳтиром,
Рамшед Холназаров