Оиди ВНМО/БПНМ
Фирдавс
05.04.2024
Салом акаи Умед дар як дафтар барои хотири имзо мондан рафтам ва дар вақти имзо мондан дидам ки варақ камтар хунолуд ҳаст ва дастам расид ва ба хона омадам дастонамро бо шампун як маротиба шустам ва баъдан риш гирифтам ва рӯямро буридам ва бо ҳамон даст захмро даст кардам баъд ба хотирам расидки дастонам баварақ расида буданд оё дар ин ҳолат хатари гузариши внмо вуҷуд дорад бисёр дар тарсу ҳаросам .
Дар ҳолати баёншуда хатари гузариши ВНМО вуҷуд надорад, зеро хун дар варақ хушкида буд ва ҳамзамон номаълум аст, ки он хун аслан ВНМО дошт ё не. Аз ин лиҳоз, сабаб барои тарсу харрос вуҷуд надорад, метавонед ором бошед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо