Воалейкум ассалом. Вируси ВНМО дар шароити беруна тобоовар нест ва дар муддати кутоҳ (то якчанд соат) қобилияти сироятии худро гум мекунад. Аммо давомнокии фаъолнокии вирус аз бисёр омилҳо вобастаги дорад, масалан ҳарорати беруна, ҳачми моеъи биологи ва ғайра. Агар шароити беруна муқаррари бошад, пас чи хеле гуфта шуд муддати якчанд соат (то 4-7 соат) он қобилияти сироятнамоии худро нигоҳ медорад. Дар мавриди хушк шудани моеъ, вирус баъд аз хушкидан боз якчанд дақиқа метавонад фаъол монаду бас. Дар ҳолати таъсири кислород вирус метавонад тез бимирад. Аз ин ру, ҳолати тариқи ашёҳои хонаги ва сару либос интиқол ёфтани ВНМО дар ҷахон ба қайд гирифта нашудааст.