Оиди ВНМО/БПНМ
Абубакр
02.04.2024
Салом акаи Умед дасти рафиқам хун баромад ва ба дасти ман расид ва ман ба хона омада дастонамро бо моеи зарфшуи (фера) шустам ва боз бо шампун дастамро як маротибаи дигар шустам ва дастамро ба олоти мардонагиаи расонидам дар ин ҳолат хатари гузариши внмо вуҷуд дорад?
Моеи зарфшуи хусусияти дастро аз хун безарар карданро дорад?
Воалейкум ассалом. Дар мавриди хун ба пӯсти солим расад, пас хавфи гузариш вуҷуд надорад. Агар дар заҳме хун расад, пас хавф вуҷуд дорад, бояд аз ташхис гузаред.
Дар савол номуайян аст, ки рафиқатон ВНМО дорад ё не? Агар надошта бошад, пас чи лозим ғам хурдан.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо