Оиди ВНМО/БПНМ
Г Д.
18.03.2024
Саломуалейкум акаи Умедчон. Ба хамин саволи ман чавоб дихед илтимос. Ман 5 Сол Пеш дар РФ алокаи чинси незащищённый доштам 2019 ба Ватан омадам, 2021ум сол да Худжанд паховий грижа чаррохи шудам ончо анализи ВНМО гирифтан тоза баромад ба фикрам чунки духтур ба ман ягон чизе нагуфтааст. Ва 2024 дар поликлиникаи нохияви оилаам барои кандани дандон анализи ВНМО супорид манфи баромад.ман метавонад ором бошам, ки дар ман ин вирус нест? 5 Сол мешавад да ТЧК хастам ва дар тули 5сол ягон бечогарди накардиям. Илтимос ба ман чавоб дихед.
Воалейкум ассалом. Аз он лиҳозе, ки Шумо аниқ ҷавоби таҳлили худро, ки пеш аз ҷарроҳи супоридаед, намедонед, хуб мешуд як маротибаи дигар ин таҳлилро супорида ҷавоби аниқ гиред. Дар мавриди манфи будани натиҷаи ташхис, метавонед ором шавед, ки дар Шумо ВНМО нест.
Натиҷаи таҳлили ҳамсаратон аз доштан ва надоштани вирус дар Шумо шаҳодат дода наметавонад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо