Оиди ВНМО/БПНМ
толиб
27.02.2024
салом акаи Умед! Як савол дорам илтимос чавоб дихед, бади ходисаи хавфнок 60 руз расо гузашт, медонам бояд бади 3 мох ташхис супорам аммо токатам ток шуд намешавад сразу пцр мегуянд ку хаст хамихел ташхисе ки сразу нишон медихад супорем ягон рох надорад супораму дилам ором гирад гарон аст мегуян, ман рози дар кучо супорам ба хамин масала як равшани меандохтен, медонен акаи Умед интизори бехад кори мушкил?
Воалейкум ассалом! Ташхиси ПЦР танҳо дар кудакони навзод, ки аз модарони гирифтори ВНМО таваллуд шудаанд гузаронида мешавад. Дар калонон ин ташхис нишондод надорад. Аз ин лиҳоз танҳо тести очили ё ТИФ (ИФА) метавонад ҷавоби аниқро нишон диҳад. Агар баъди 60 руз ин ташхисҳо манфи бошанд, пас эҳтимоли калон аст, ки баъд аз 3 моҳ низ ин натиҷа боқи мемонад. Аз ин лиҳоз ташвиши гарон шарт нест, ором будан беҳтар аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо