Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умедчон! Савол Ака ҳами Внмо бад аз вирус ба бадан гузаштан чан руз пас нишонахош пайдо мешавад дар аввал чи нишонахо дорад? Бад нишонахои беморихои кандидоз, мононуклеоз дар кадом давра пайдо мешавад? Акачон агар имконияташ хубтар мефахмондед даврахоша, рахмати калон!

Воалейкум ассалом. Баъд аз сироят ёфтан, дар муддати як моҳи аввал дар шахс нишонаҳои мононуклеози сирояти ё дигар нишонаҳо, аз ҷумла ҳарорати бадан, беҳоли бемадори, калоншавии гиреҳҳои лимфатики ва ғайра, ки муддати 2-3 ҳафта метавонанд давом дошта бошанд, пайдо шаванд. Ин давраи шадиди бемори ба шумор меравад ва он на дар ҳама сироятшудагон дида мешаванд. Аксаран дар сироятшудагон метавонад ягон нишона пайдо нашавад. 

Ҳолатҳои кандидоз ва ба он монанд бемориҳои оппортунисти он вақте пайдо мешаванд, ки масунияти одам дар тули солҳои дароз (3-15 сол) зери таъсири вирус заиф мегардад ва организм ба бемориҳо муқовимат карда наметавонад.

Гуфтан зарур аст, ки новобаста аз нишонаҳои ба амал омада, ташхиси ВНМО танҳо дар асоси таҳлили хун гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз агар таҳлили хун манфи нишон диҳад, пас дигар нишона кофтан зарурият надорад.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.