Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

салом Умедчон! Додар ман дар сомонаи Шумо базе саволхоро хондам, рости хавотир шудам гуфтам аз Шумо пурсам дар як чорабини иштирок доштам, лабхом пур аз табхол буд яне захми кушод кам кам хун меомад таом хурдам аз вилка кошук бакал истифода бурдам мабодо яке ягон шахси внмо истифода карда бошад хавф вучуд дорад ака бовар кунен Умедчон дар фикр мондам?

Воалейкум ассалом. Сироятшави дар ин ҳолат он дам сурат мегирад, ки дар қошуқе, ки Шумо истифода менамоед пайҳои хун намоён бошанд, ки ин ҳодиса қариб, ки имконнопазир мебошад. Фикр мекунам, ки ягон шахс бо лабҳои хуншор таом истифода намекунад, ки хуни вай ба дигар нафар сироят диҳад.

Аз ин лиҳоз, ҳолате, ки Шумо пайҳас намудед дар таҷриба сурат гирифта наметавонад, аз ин лиҳоз танҳо дар асоси шубҳаҳои беасос фикрҳои беҳуда кардан, роҳи дуруст нест.

То ин дам, ягон нафар дар ҷаҳон бо чунин роҳ сироят наёфтааст, ки барои мо асоси шубҳаноки гардад. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.