Воалейкум ассалом. Ҳолати, ки Шумо тасаввур карда истодаед, амали гаштанаш ғайриимкон мебошад. Шахсе, ки лабонаш то он дараҷае хуншор бошад, ки дар пиёла бимонад, чой хурда наметавонад, зеро заҳми лабаш ба у ин имконро намедиҳад. Ин қадар агар ин ҳолат Шуморо ором нагузорад, пас доим бо пиёлаи тоза чой нушед, зеро агар таи оби равон зарфро шуед, вай безарар мегардад. Дар умум, дар ҷойҳои хурокхури ба ВНМО сироят ёфтан ғайриимкон аст, зеро тавассути оби даҳон ин вирус намегузарад. То имруз дар ҷахон сироятёби дар чунин ҷойхо ба қайд гирифта нашудааст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов