Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом бародари гироми! Умедҷон як савол доштам, лбахои кафида яне захми кушода да сталови хангоми хурокхури хафи гузариши ВНМО хаст? Мабодо ягон шахси ба он кошук е пиел хурдабошад ягон зараре хунаш бошад? Ба хамин савол чавоб медоден ака. Рахмат пешаки.

Воалейкум ассалом! Ҳолати, ки Шумо тасаввур карда истодаед, амали гаштанаш ғайриимкон мебошад. Шахсе, ки лабонаш то он дараҷае хуншор бошад, ки дар пиёла бимонад, чой хурда наметавонад, зеро заҳми лабаш ба у ин имконро намедиҳад. Ин қадар агар ин ҳолат Шуморо ором нагузорад, пас доим бо пиёлаи тоза чой нушед, зеро агар таи оби равон зарфро шуед, вай безарар мегардад. Дар умум, дар ҷойҳои хӯрокхури ба ВНМО сироят ёфтан ғайриимкон аст, зеро тавассути оби даҳон ин вирус намегузарад. То имруза дар ҷахон сироятёби дар чунин ҷойхо ба қайд гирифта нашудааст. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.