Оиди ВНМО/БПНМ
Олим
04.01.2024
Ман барои Вич Спид а Хивтест тест заказ карам тести ки ба воситаи дахон гирифта мешавад ва чавобаш баъд аз 20 минут мебарояд ку хамихе ва у хуб баромад ман ба ин тест бовар кунам ё не максад дуруст нишон медихад ё не? Чунки бад аз як соли алокаи чинси ман ин тестро супоридам чавобаш хуб баромад.
Салом. Агар тести мазкур тибқи қоидаҳое, ки дар замимаи он навишта шудааст, гузаронида шуда бошад, пас метавонед ба ҷавоби он пурра бовар намоед, зеро тести мазкур сертификатҳои лозимии сифатро доро мебошад. Такроран супоридани тест зарурият надорад, чунки баъд аз алоқаатон як сол гузаштааст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо