Воалейкум ассалом. Мавриди гузаронидани дилхоҳ сузандору ё дигар амалиётҳои тибби, агар ҳолати фавкулодда ба вуҷуд наояд (расидани хун ба чашм, пӯст, сузани истифода шуда ба пӯст задан (прокол) ва ғайра), пас хавфи гузариши ягон сироят, аз ҷумла ВНМО вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, дар мавриди иҷро намудани уҳдадориҳои вазифави, корманди тиб бояд чораҳои универсалии пешгириро дар ҷои кор риоя намояд (истифодаи дастпушак, айнак, ниқоб ва ғайра), то ин, ки ба ягон сироят дучор нагардад. Дар мавриди сар задани ҳолати фавкулодда, бояд ҳамзамон ёрии аввалияи тибби расонида шавад ва дар муддати на зиёда аз 72 соат ба маркази ВНМО муроҷиат бояд намуд, то ин ки пешгирии баъди тамоси ВНМО бо истифода аз дорувориҳои зиддиретровируси гузаронида шавад. Пешгирии баъди тамос дар мавриде расонида мешавад, ки тамос бо хуни шахси гирифтори ВНМО ба амал омада бошад. Дар ҳолати солим будани бемор, ба корманди тиб чунин пешгири гузаронида намешавад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов