Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. Шахсе ки ВНМО дорад, метавонад фарзанди солим таваллуд кунад? Барои ин бояд чӣ кор кунам?

Салом Aнора.
Албатта метавонед фарзанди солим дошта бошед, агар табобати зиддиретровирусиро сари вақт истеъмол кунед. Табобати сирояти ВНМО дар пешгирии интиқоли вирус аз модар ба кӯдак хеле самаранок аст. Муҳим аст, ки ҳарду волидайн пеш аз ба нақшагирии ҳомиладорӣ табобатро оғоз кунед ва барои ноил шудани сатҳи сарбории вирусии номуайяншаванда (супрессия) то ҳомиладоршавӣ кушиш намоед. Имконияти нагузаштани вирус ба тифли навзод аз шахси гирифтори ВНМО дар ҳолати қабули терапия хеле паст аст. Ва духтурон 95,5,% кафолат медиҳанд, ки кӯдак дар чунин ҳолат солим таваллуд мешавад.
Анораҷон, барои ҳамин вақти ҳомиладорӣ ва баъд аз таваллуд аз муоинаи тиббӣ мунтазам гузаштан хеле муҳим аст. Агар ҳомиладорӣ аллакай руй дода бошад, аммо шахси ҳомиладори ВНМО бо ягон сабаб табобати зиддиретровирусиро қабул накунад, муҳим аст, ки ҳарчи зудтар ба истеъмоли доруҳо шурӯъ намояд. Дар ҳар ҳолат бе дору ва табобати бесамар хатари интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак зиёд мешавад. Дар Марказҳои ВНМО духтури занона дорем. Ҳатман биёед ва машварати чӣ равоншинос, табиби сироятӣ ва табиби занонаро пурра мегиред.

Бо эҳтиром Ризвона.

Салом! 

Бале, зани гирифтори ВНМО метавонад кудаки солим таваллуд кунад. Барои ин, зан бояд доимо тахти назорати духтурони соҳаи ВНМО бошад, то ин, ки то таваллуд ва дар рафти он табобати зиддиретровирусиро қабул намуда сарбории вирусии худро дар сатҳи паст нигоҳ дорад ва ҳамаи маслиҳатхои мутахассисонро ба чо орад. Дар ин ҳолат хавфи сироятшавии кудак кариб ба сифр баробар мегардад.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов

                 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.