Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

ВМНО чигуна ба организми одам таъсир мерасонад, ки ин боис мешавад ба кутоҳ шудани умри инсон! Ташакур. Иштирокчии барномаи ТҶЁ.

Салом!

ВНМО - ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Аз номи вирус таъсири онро ба организм фахмидан мумкин аст, яъне ин вирусе аст, ки ба масунияти одам таъсир расонида онро несту нобуд месозад. Яке аз хучайрахои асосии масунияти одам ин хучайрахои СД4 (Т-хелперхо) мебошанд, ки дар натичаи кам шудани шумораи онхо тамоми масунияти одам коста мешавад ва организми инсон наметавонад бар зидди беморихо мубориза барад. ВНМО бошад ба хучайрахои СД4 дохил шуда онро хамчун манбаи зиёдшавии худ истифода мебарад ва дар натича ин хучайрахо нобуд мешаванд. Вакте, ки хучайрахои СД4 аз меъёр паст мешаванд, дар ин холат беморихои оппортунисти дар организми инсон авч мегиранд, ки шумораи онхо зиёд мебошанд. Дар натича ин беморихои оппортунисти инсонро бемор карда ба фавт оварда мерасонанд.  

Бо эхтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.