Салом. Агар аз вақти тамос 72 соат нагузашта бошад, пас метавонед ба Маркази ВНМО-и минтақаи худатон муроҷиат намоед, то ин, ки хавфи ба амал омадаро баҳо дода, пешгирии баъди тамос нисбати ВНМО гузаронида шавад. Агар аз 72 соат зиёд шуда бошад ва агар зарурият бошад, яъне заҳм хунрави ва ё зардоб дошта бошад, пас ба маркази саломатиатон (поликлиника) муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов