Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом салом бародар!Ҳами доруи ВНМО ро аз дилҳо шаҳру ноҳия дастрас кардан мункин, ё танҳо аз ҷои зист? Имкони ҷои зист рафтан набошад мешад аз дигар ноҳия ё шаҳр дастрас када ҳангоми мо дар дигар шаҳру ноҳияҳо кор кунем ба мисли камандировкада бошем бо базе сабабҳо ака?

Воалейкум салом! Шахси гирифтори ВНМО имконият дорад, ки дар макони зисташ дар қайди диспансери қарор дошта табобати зиддиретровирусиро қабул намояд. Макони зист метавонад ҳамзамон аз макони қайд (прописка) фарқ кунад. Агар дар мавриди қабули табобат шахс ба дигар шаҳру ноҳия сафар кунад ва дар он ҷо дорувориҳояш тамом шавад, пас у метавонад аз ҳамон ҷо муваққатан барои якчанд руз дорувориҳоро дастрас намояд ва баъдан аз ҷои қайдаш боз дар ҳаҷми кофи дорувориҳояшро гирад. 

Агар шахс макони зисташро иваз намояд, пас макони қайди диспансериашро низ метавонад иваз намуда аз ҷои зисти наваш доими табобаташро гирад. 

Маълумоти иловагиро аз духтури табобатиатон метавонед дастрас намоед.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.