Оиди ВНМО/БПНМ
Чобир
08.10.2023
Салом додарҷон. Умед шахсони гирифтори ВНМО мешавад ки дар як руз якдоруро истеъмол кунанд? Базеҳо мегуянд то 3 то истеъмол мекунанд дар кадом ҳолатҳо бисертар истеъмол мекунанд? Худовандрози мешуд як доруе пайдо мешуд ки полни ҳамиро аз бадан гум мекард бисер хуб мешуд иншоАллох! Ҷавобатонро мунтазирам Умедчон!
Салом.
Ҳар як реҷа ба худ ғайринишондод дорад. Аксаран реҷаи истифодашаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 хаб иборат аст. Аммо агар нисбати ин реҷа дар шахс ғайринишондоде вуҷуд дошта бошад, пас реҷаро иваз менамоянд ва шумораи хаб низ метавонад зиёд шавад. Мо ҳам мисли Шумо умедвор ҳастем, ки табобати пурраи ин бемори пайдо мегардад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо