Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом бародари гироми. Шахсеки ба ВНМО гирифтор мешавад ба у чи гуна дорувори тавсия медиҳанд дар як руз чан маротиба? Дар моҳи рамазон чи хел мешавад? Масалан шахси ВНМО дар ҳар шаҳру ноҳия кору фаолият кунад метавонад аз дилхо маракази ВНМО дастрас кунад доруҳоро? Оё дар Тоҷикистон оиди дору ягон мушкилие ҳаст мегуянд танкиси мекашанд оиди дастрас куни акачон. Як шахр медоден ҳамин саволода? Раҳмати калон пешаки бародари Азиз!

Воалейкум ассалом. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бастраси ба дорувориҳои зиддиретровирусие, ки дар табобати ВНМО истифода мешаванд, ягон танқиси вуҷуд надорад. Ҳар шахси сироятшуда имконияти гирифтани табобатро дорад. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ин табобат дастрас мебошад. Нақшаи табобат аслан иборат аз 1 хаб (таблетка) мебошад. Аммо, ҳастанд нақшаҳое, ки аз 2 хаб ва зиёда аз он иборат аст. Нақшаи табобатро пеш аз таъинот духтур муайян менамояд. Нисбати реҷаи қабули дорувори низ духтур ҳамаашро пеш аз додани дорувори мефаҳмонанд, инчунин дар моҳи шарифи Рамазон. Аз ин лиҳоз, бешубха ва тарс шахс бояд ба маркази ВНМО-и ноҳияи худ муроҷиат намояд ва дорувориҳояшро гирифта саломатиашро барқарор созад. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.