Оиди ВНМО/БПНМ
Фаиг
26.09.2023
Салом.
1. Агар шахс ба зуком гирифтор шавад бояд чанд шабонарӯз дар танаи ӯ зуком истад , яъне дар муддати чанд вақт зуком шахсро тарк мекунад ?
2. Дар ман қариб 20 руз мешавад ки зуком аст , ман алоқаи ҷинси доштам бо рифола буд 20 руз пеш ҳолоо бошад дар ман зуком ва кам как гоҳ гоҳ дарди гулӯ дар ин муддат аст ин нишонаи чи аст ?
3. зукоми ВНМО бо зукоми оддӣ фарқ дорад ?
4. Илтимос содда карда фаҳмонед: аломати ВНМО пас аз чанд рӯзи алоқаи ҷинси ва чи гуна нишонаҳо пайдо мешаванд дар организми инсон?
Ташаккур барои ҷавоб.
Салом. Дар чорчубаи сомонаи мо айни замон ҳолати Шуморо баҳо додан ғайриимкон аст, аз ин лиҳоз ба духтури минтақавиатон муроҷиат намуда ташхисиатонро муайян намоед.
Зукоми ҳақики муддати 4-5 руз мегузарад, агар оризаҳо (осложнения) дошта бошад пас метавонад дертар давом диҳад.
Дар ВНМО зукоми ҳақики намешавад, балқи нишонаҳои зукоммонанд ҳастанд. Аслан ин ҳарорати баланд аст, дигар нишонаҳои зуком кам ба назар мерасанд. Дар ҳама ҳолат ташхисро бояд мутахассис монад. Муроҷиат намоед, ҳатман ёри мерасонанд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо