Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Ассалому алейкум. 1. Алоқаи ҷинси доштам бо рифола: пас аз 8 рӯзи алоқаи ҷинси дар ман зуком , дарди гулӯ, аз зону поин кам кам дард пайдо шуд ва таби баланд надоштам ва баданам арақ надорад табам нормално аст лек алоқа 100 дар 100 бо рифола буд , хулосаи шумо дар чи аст магар ин нишонаи ВНМО аст ? 2. Дар Россия ҳастам дар дорухона (Тест экспресс N4 ) ҳаст , метавонам онро гирифта дар хона мустақилона худро ташхис кунам ? 3. Бо кадом тест ВИЧ ро муайян мекунад сад дар сад? олимони Россия мегӯянд ки тестҳои ҳозира метавонанд баъди 15 рӯзи алоқаи ҷинси ҷавоби ВНМО ро муайян месозад ? Хулосаи шумо 90 руз аст? Бо саброна интизорам ҷавобҳоро Умед ако. Раҳмат

Салом.

  1. Нишонаҳои гуфтаатон кам ба ВНМО монанд ҳастанд, зеро алоқа бо рифола буд. Аммо барои пурра аниқ намудан ташхиси хун ҳатмист.
  2. Метавонед мустақилона тест кунед, аммо навиштаҷоти тестро оид ба усули гузаронидан қатъиян риоя намоед.
  3. Муҳлати охирин 90 руз аст, аммо чи хеле гуфтаанд баъд аз 15 руз метавонад нишон диҳад.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.