Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умед! Як савол дорам, як рафиқам бо зани фоҳиша алоқаи ҷинсӣ кард ва баъд аз алоқаи ҷинсии рифоларо ба қуттичаи партов партофтааст ва ман баъди 18 соат онро аз қуттичаи партов гирифта партофтани шудам, нохост тарафи берунии рифола ба ангушти захмдорам расид ангуштам захм дошт дар ин ҳолат хатари гузариши ВНМО ҳаст агар он зани фоҳиша гирифтори бемории ВНМО бошад? Агар хатар дошта бошад баробари алоқаи ҷинсӣ берифола хатар дорад? Лутфан ба ман ягон маслиҳат диҳед чун аз сабаби ин ҳолат сарам бисёр сарам дард мекунад. Раҳмат барои ҷавоб

Воалейкум ассалом. Не, дар чунин ҳолат хавф нест, зеро баъди 18 соат агар вирус мебуд, дар ин ҳолат сироятнокии худро гум мекунад. Сироят ба вуҷуд намояд.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов

Мудири шуъбаи диспансерии
МД «МЧ ВНМО»

Душанбе, Точикистон.
Тел.: моб.: (+992) 938 666 174

                 (+992) 900 666 174

         кор.: (+992) 37 234 33 43


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.