Салом алейкум! Табобати зиддиретровируси иборат аз 3 дорувори мебошад. Айни замон ҳастанд дорувориҳое, ки дар таркиби як хаб (таблетка) 2 дору вуҷуд дорад, инчунин ҳастанд доруворие, ки дар таркибаш 3 дору ҳаст. Аз ин лиҳоз нақшаҳои табобат гуногун мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бисёртар (зиёда аз 95%) аз доруворие истифода мебарем, ки таркиби хаб аз 3 дору иборат аст ва дар як руз шахс 1 хаб истифода мебараду халос. Аммо, ҳамзамон ҳастанд нақшаҳои табобат, ки иборат аз 2 хаб ва зиёд аз он мебошанд. Кудакони синну соли хурд дар як шабонаруз хабҳои зиёд истифода мебаранд. Зеро нақшаи онҳо вобаста ба вазни баданашон мебошад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов